СОХТМОНИ МАКТАБҲО МЕАФЗОЯД

Октябрь 5, 2009 15:43

                  Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ 196 мактаб ба истифода дода шуд»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, 5 сентябри соли равон.                     Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки дар ин муддат аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ 30 иншооти соҳаи маориф ба маблағи 25 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин давра аз ҳисоби Лоиҳаи грантии фонди каталитикӣ марҳилаи дуюм 4 ҳазору 290 дона мизу курсии талабагӣ 360 дона мизу курсӣ барои муаллимон 330 дона тахтаи синфӣ, 30 ҷуфт мебел барои утоқи кории директорони мактабҳо, 240 дона миз барои техникаи компютерӣ ва курсӣ, 330 дона ҷевон ба маблағи 407 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти мактабӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ фиристонда шуданд.                    Мавриди зикр аст, ки дар соли 2009 байни вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои маорифи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 14 созишномаю тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонда, инчунин, 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни кишварҳои аъзои ИДМ бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.  

Октябрь 5, 2009 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд