СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД

Октябрь 15, 2009 16:32

                  Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои Сарварони Ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой Чэн Юан мулоқот кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқоти мазкур байни Бонки давлатии рушди Хитой ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар самти амалиётҳои қарзӣ бо юани хитоӣ ба имзо расид.                    Созишномаи мазкур ба рушду инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Хитой мусоидат менамояд. Истифодаи юани хитоӣ дар муомилот ба рушд ёфтани муносибатҳои тиҷоратию молиявӣ, паст рафтани нарху наво, пешгирии калавишҳои қурби асъор ва таъмини шароити мувофиқ нисбат ба пардохтҳои тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард.

Октябрь 15, 2009 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд