СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои Сарварони Ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой Чэн Юан мулоқот кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқоти мазкур байни Бонки давлатии рушди Хитой ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар самти амалиётҳои қарзӣ бо юани хитоӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкур ба рушду инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Хитой мусоидат менамояд. Истифодаи юани хитоӣ дар муомилот ба рушд ёфтани муносибатҳои тиҷоратию молиявӣ, паст рафтани нарху наво, пешгирии калавишҳои қурби асъор ва таъмини шароити мувофиқ нисбат ба пардохтҳои тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






