Т.ЗУЛФИҚОРОВ: «Э. РАҲМОН АЗ ҲАМА МУШКИЛОТИ ТОҶИКИСТОН ХАБАР ДОРАД»
Вақте аз нависандаи бузург ва донишманд Гогол пурсиданд, ки чаро Пушкин ба дарбори шоҳ, ба дидори шоҳ майл мекард? – Гогол ҷавоб дода буд, ки хирадманд ҳамеша ба сӯи ҳоким меравад, зеро аз тахти подшоҳ тамоми Русия намоён аст. Ва инак, дар Маскав интеллигентсияи тоҷик бо Президент Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ дорад. Ман бори аввал, ба таври мустақим Президентро гӯш мекардам ва маро он чӣ дар ҳайрат мегузошт, ки чӣ тавр ӯ аз ҳама мушкилоти Тоҷикистон бохабар аст; ақидаҳои давлатии ӯ чӣ қадар бузурганд, муносибати ӯ ба воқеоти рӯзгор ва рӯзгори мардуми тоҷик саривақтӣ ва босамар аст. Ва на танҳо рӯзгори мардуми тоҷик… Баъд, гуфтаҳои Гогол ба ёдам омад ва ба назар чунин мерасид, ки аз курсии Президент чун аз қуллаи баланд тамоми Тоҷикистони ман — бо кӯҳҳои сафедпӯшаш, водиҳояш, боғҳои зумурадиаш, қиссаву асрори шаршараҳову дараҳо, чароғи шабонаи деҳаҳои баландкӯҳ, пайраҳаҳои пурпечутоб, нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, заминҳои пахта ва мани кӯдаки пахтачин дар майдони пахтазор, намоён аст. Вақте ки ман ба суханони пурҳарорати Президент гӯш медодам, андеша кардам, ки дар ҳаёти халқҳои рӯи олам ҳолатҳое мешаванд, ки онҳо бе шоири бузург ва хирадманд метавонанд зиндагӣ кунанд, аммо бе ҳоким, бе роҳбари ҳаққонӣ миллат зиста наметавонад; бе пешво метавон роҳ гум кард. Пода бе чӯпон ба гургон ва роҳзанон мерасад, чунончӣ, СССР нобуд шуд. Мамлакати бузург бе Нигаҳбон монд ва ба дасти бонкҳои ҷаҳонӣ — гургҳо расид. Кишвари хурди маро худованд нигаҳбони бузург ато кард – бо шарофати ӯ Тоҷикистонро гургҳои ҷаҳонӣ натавонистанд бихуранд. Қаҳрамони ман Хоҷа Насриддин мегӯяд: «Кишвари хурд бо роҳбари бузург беҳтар аз кишвари бузург бо роҳбари хурд мебошад; роҳбари бузург як ҷӯбор хун резад, роҳбари хурд уқёнусро пури хун хоҳад кард». Кишвари ман ҷанги даҳшатбори шаҳрвандиро дида бошад ҳам, аммо: КӢ ба қамишзори тиллоии халқи ман оташ зад? ЧӢ тавр тоҷикони меҳмондӯсту меҳрубон ба куштори ҳамдигарӣ даст заданд? Танҳо Худои бузург медонаду халос! Аммо, мо медонем, ки ин оташи даҳшатборро Кӣ хомӯш кард! «Гурги ҷанги шаҳрванди»-ро, ки аз хуни бародарӣ сармаст шуда буд, Кӣ дохили панҷара кард, мо медонем: Ин корро бо мадади Аллоҳи таъоло Эмомалӣ Раҳмону ҳамсафони ӯ карданд. Мардуми тоҷик барои ин аз ӯ як умр миннатдоранд. Акнун, замони Дэн Сяопин , ки Чини миллиарднафараро ба по рост кард, даррасид; Аммо, Тоҷикистони ҳафтмиллионаро чӣ гуна метавон боло бурд? Ман фикр мекунам, ки ҳоло Президент ва ҳаммаслаконаш дар ҳамин андешаанд. Ман аксари эҷодиёти худро ба Хоҷа Насриддин бахшидаам. Вақте, ки масалҳои ман бомуваффақона эҷод мешуданд, маро ҳамсӯҳбати хирадманд, дарвеш Хоҷаи Зулфиқор меномиданд. Аммо вақте, ки масалҳоям баръакс, номуваффақона мебаромаданд, он гоҳ маро маркаби Хоҷа Насриддин меномиданд. Афсус, ки маро аксар вақт «маркаби Насриддин» меномиданд, вале маркаби Хирадманди бузург будан он қадар ҳам бадӣ надорад. Боре Хоҷа Насриддин ба ман гуфт: Асри ХХ асри масхарабозон хоҳад буд! Махсусан онҳоро дар сари ҳокимият бисёр дидан мумкин аст. Чӯпонҳои ҳақиқӣ ба назди подаи одамон роҳ дода нахоҳанд шуд ва ба ҷои онҳо подаро гургон дар либоси чӯпонҳо нигаҳбонӣ хоҳанд кард. Агар имрӯз ба бисёр давлатҳо ва мардумони муосири сайёра нигоҳ кунем, он гоҳ дар бисёре онҳо гургон ва лухтаконро ҳамчун роҳбар мебинем. Мегӯянд, ки дар ҷаҳон фақат як сиёсат аст – сиёсати ҷаҳонии Амрико. Ғояи ҳукмрон будан дар ҷаҳон аз сари нав рӯ задааст, мисли каждуме, ки дар баҳорон аз таги санг берун мебароянд. Дар таърих чунин номзадҳо ба тахти ҷаҳонӣ хеле бисёр буданд, Фираъвнҳо, императорони Рим, Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Амир Темур, Наполеон, Гитлер… Куҷо шуданд, онҳо? Ку тахти ҷаҳонии онҳо? Акнун Номзади нав пайдо шудааст. Ин тайёраҳо, ракетаҳо, киштиҳои марговари амрикоӣ уқёнус ва қитъаҳои ҷаҳонро тай мезананд. Ин фиристодаҳои амрикоӣ кадом ғояро паҳн мекунанд? Дар ракета ва бомбҳои амрикоӣ чиҳо навишта шудааст? Акнун, дар ин ҷаҳони амрикоишуда, дар миёни кӯҳҳо ватани ман – Тоҷикистон бозмондааст. Давлати ҷавони акнун ба истиқлолият расида! Моҳичаи нуқрагин дар миёни наҳангҳои пир: Чин, Амрико, Туркия, Аврупо… Ин моҳичаи тилло дар байни ин наҳангҳо чӣ гуна зинда мемонда бошад? Оҳ, Худоё ! Вақте, ки ман суханони Президентро дар бораи он, ки тоҷик бе донистани забони русӣ аз вокзал ва фурӯдгоҳ дур рафта наметавонад, шунидам модари худ профессор Успенскаяро, олими овозадори тоҷик, муаллифи луғати тоҷикӣ — русӣ ва даҳҳо китобҳои дарсӣ оид ба филологияи тоҷику русро ба ёд овардам. Ӯ пои пиёда ҳамаи деҳаҳои Тоҷикистонро тай мекард, беҳтарин зарбулмасалҳо, афсонаҳо, мақолҳои тоҷикиро ҷамъ меовард. Мирзо Турсунзода аз ӯ ин эҷодиёти шифоҳии халқро навишта, ба ваҷд меомад. Оё дар 15 соли охир аққалан як нафар муаллима аз Амрико, Аврупо, Чин, Туркия ба деҳаи дурдасти тоҷик омада, ба фарзандони онҳо аз забони модарӣ дарс додааст? Аммо ҳазорон муаллимони рус ба деҳаҳо ва шаҳрҳо меомаданд ва тоҷикони қадимӣ донандаи ду забон мешуданд. Ман агар имкон медоштам ба ин «Устодони мӯи сарашон сафедшуда», яъне қаҳрамонони рус ҳайкал мегузоштам. Хоҷа Насриддини ман гуфт: «Агар ту дар замин саёҳат кунӣ ва ба ту асп диҳанд, онгоҳ ту аз ду рӯ гардонда, танҳо якеашро мегирӣ?» Хоҷа табассум кард: «Ман дар бораи ду зан гап намезанам, дар бораи ду забон чӣ гӯям? Ва ё яке аз забонҳои худро бурида мепартоӣ ?» Фаромӯш набояд кард, ки забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешаванд. Ин ду халқ ба якдигар хело монанданд: таърихан онҳо зудбовар, ҳалолкор, меҳмондӯст, хирадманд ва оромтабиат мебошанд. Нигоҳ кунед, имрӯз кӣ ба корҳои мушкил машғул аст? Русҳо ва тоҷикон. Ин аст, бародарии ҳақиқӣ, ин бародарӣ бо хун ва таърих пайванд аст. Ҳамин ақидаҳо ба сари ман омаданд, вақте ки Президент Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекардам. P.S. Паёмбар мегӯфт, ки миллат аз дилбастагӣ ба дунёи фонӣ ва ё аз тарси мурдан фано меёбад. Ман фикр мекунам, ки халқи рус ва халқи тоҷик дилбастагиро ба ҳақиқат ва адолат аз ҳама боло медонанд. Аз ин рӯ онҳо абадианд.