ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Мувофики фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Турманистон Қозидавлат Қоимдодов аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шуд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири нақлиёт ва коммуникатсия озод карда шуд. Бо фармони дигари Президенти мамлакат Абдураҳим Ашӯр сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон таъин гардид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори Донишгоҳи иқтисодӣ Олимҷон Бобоев вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нидоев Нозимҷон Фозилович ректори Донишгоҳи иқтисодӣ таъин шуд. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Бобозода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Бо фармони дигари Президенти мамлакат Ғулом Бобозода сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон таъин карда шуд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамроалиев вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Давлаталӣ Саидов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз кор озод карда шуд. Бо фармони дигари Президенти мамлакат Давлаталӣ Саидов раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






