ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 19, 2009 17:24

                  Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Мувофики фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Турманистон Қозидавлат Қоимдодов аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шуд.                   Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири нақлиёт ва коммуникатсия озод карда шуд. Бо фармони дигари Президенти мамлакат Абдураҳим Ашӯр сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон таъин гардид.                Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори Донишгоҳи иқтисодӣ Олимҷон Бобоев вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.                  Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нидоев Нозимҷон Фозилович ректори Донишгоҳи иқтисодӣ таъин шуд.                Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Бобозода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Бо фармони дигари Президенти мамлакат Ғулом Бобозода сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон таъин карда шуд.                  Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамроалиев вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.                 Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Давлаталӣ Саидов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз кор озод карда шуд. Бо фармони дигари Президенти мамлакат Давлаталӣ Саидов раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.  

Октябрь 19, 2009 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид