ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Маскав, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 2 октябр дар Минск маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони муассисаҳои салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар масъалаи тақвияти мубориза ба муқобили муҳоҷирати гайриқонунӣ баргузор мегардад. Дар он роҳу усулҳои ҳамкории муассисаҳои салоҳиятдори давлатҳои аъзои созмон бо созмонҳои байналхалқӣ, такмил додани қонунҳои муҳоҷирати мамлакатҳо бо ин мақсад муҳокима карда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҷлис таҳти раёсати директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, генерал – полковник Константин Ромодановский гузаронида мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






