ТАҲИЯИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе Форуми машваратии таҳияи стратегия барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ки муддати ду рӯз дар Маркази равобити пойтахт идома дошт, ба анҷом расид. Дар машварат, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои хизматрасон ва тарроҳони ботаҷриба, донишмандони соҳа иштирок доштанд, масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи нассоҷӣ, дузандагӣ ва таҳияи стратегии ин соҳаро баррасӣ карданд. Форуми машваратӣ бо ибтикори мақомоти давлатӣ, Маркази байналмилалии тиҷорат ва бо кӯмаки молии идораи давлатии Швейтсария дар бахши иқтисод дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» гузаронида шуд. Тибқи иттилои мушовири миллӣ дар масъалаҳои тамос бо ҷомеаи намояндагии Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон Абдулфатоҳ Шафиев, ҳадафи асоси тарҳи мазкур дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсозии содироти маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ақидаи мушовири калони Маркази байналмилалии тиҷорат Ян Сайерс, — таҳияи стратегия барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҳамоҳанг намудани талошҳо ва таъмини бархӯрди ягона нақши муассир мебозад. Ҳамзамон, мушовири байналмилалии Маркази байналмилалии тиҷорат Рупа Гангулӣ гуфт, ки форуми мазкур дар ҳалли масъалаҳои роҳҳои рафъи мушкилоти вобаста ба истеҳсолот, таваҷҷӯҳи корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ба бозорҳои пешрафта, барномаи ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳо ва расидан ба тавофуқ, ҷалби мутахассисон ҷиҳати пажӯҳиши ин барнома ва табодули таҷриба саҳми босазо гузошт. Иштирокдорони форум, дар даври фании он усулҳои нави муносибат бо муштариён, таҳияи нақшаи фаъолияти корхонаҳо, роҳҳои ворид шудан ба бозорҳои пешрафта ва ба фурӯш мондани маҳсулоташонро омӯхтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






