ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУАЛЛИМ
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 5 октябр дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии муаллим таҷлил карда мешавад. Рӯзи муаллим аз рӯи одат дар Тоҷикистон ҳар сол рӯзи якшанбеи якуми моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе тадбирҳои гуногуни идона ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 3 октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҷамъомади ботантана баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир барои беҳбуди шароити кор ва зиндагии муаллимон тадбирҳои судбахш меандешанд. 1 сентябр маоши муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 15 фоиз ва маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ду баробар зиёд карда шуд. Имрӯз дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе қариб 7 ҳазор муаллим кор мекунад. Рӯзи ҷаҳонии муаллим бо қарори Конфронси махсуси байниҳукуматӣ ва ЮНЕСКО аз 5 октябри соли 1966 таҷлил карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






