ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУАЛЛИМ

Октябрь 2, 2009 11:16

                 Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 5 октябр дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии муаллим таҷлил карда мешавад. Рӯзи муаллим аз рӯи одат дар Тоҷикистон ҳар сол рӯзи якшанбеи якуми моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад.                 Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе тадбирҳои гуногуни идона ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 3 октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҷамъомади ботантана баргузор мегардад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир барои беҳбуди шароити кор ва зиндагии муаллимон тадбирҳои судбахш меандешанд. 1 сентябр маоши муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 15 фоиз ва маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ду баробар зиёд карда шуд.                   Имрӯз дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе қариб 7 ҳазор муаллим кор мекунад.                   Рӯзи ҷаҳонии муаллим бо қарори Конфронси махсуси байниҳукуматӣ ва ЮНЕСКО аз 5 октябри соли 1966 таҷлил карда мешавад. 

Октябрь 2, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!