ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУСОИДАТ БА МЕҲНАТИ ШОИСТА

Октябрь 7, 2009 10:49

                  Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста таҷлил карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста моҳи октябри соли 2008 дар маҷлиси Шӯрои умумии Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касаба муқаррар карда шуда буд.                     Имрӯз ба ин муносибат дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо иштироки раиси Федератсия Муродалӣ Солеҳов нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад.                     Шиорҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста ҳуқуқ ба меҳнат, ҳамдилӣ, барҳам додани қашшоқию камбизоатӣ ва поймол намудани ҳуқуқи инсон ба меҳнат мебошанд. Соли 2008 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста дар 130 мамлакати ҷаҳон зиёда аз 600 чорабинӣ амалӣ карда шуд. 

Октябрь 7, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд