ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУСОИДАТ БА МЕҲНАТИ ШОИСТА
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста таҷлил карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста моҳи октябри соли 2008 дар маҷлиси Шӯрои умумии Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касаба муқаррар карда шуда буд. Имрӯз ба ин муносибат дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо иштироки раиси Федератсия Муродалӣ Солеҳов нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад. Шиорҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста ҳуқуқ ба меҳнат, ҳамдилӣ, барҳам додани қашшоқию камбизоатӣ ва поймол намудани ҳуқуқи инсон ба меҳнат мебошанд. Соли 2008 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба меҳнати шоиста дар 130 мамлакати ҷаҳон зиёда аз 600 чорабинӣ амалӣ карда шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






