ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ВЕТЕРАНҲО»

Октябрь 6, 2009 10:34

                   Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Люмила Дубинина). — 3 октябр дар пойгоҳи низомии 201 Федератсияи Русия дар Тоҷикистон «Рӯзи анъанавии ветеранҳо» ҷашн гирифта шуд. Ҳайати қумондонии пойгоҳи низомӣ ба ин ҷашн иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони интернатсионалистро даъват кард.                   Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия полковник Игор Красин, сардори ситоди зудамали қушунҳои сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия Василий Василев, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вячеслав Грудина, директори Бунёди рушди «Пажуҳишгоҳи тадқиқоти Евразия»-и Русия Галина Назарова, директори мактаби миёнаи рақами 6 Мавлуда Турсунова, намояндагони шӯрои ветеранҳои пойгоҳи низомии 201 ва дигар сарпарастон иштирокчиёни ҷамъомадро табрик гуфтанд. Ҳамчунин чорабиниҳои идонаро ҳунармандони оркестри пойгоҳи низомӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.

Октябрь 6, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд