ТАФТИШОТ АЗ РУИ 487 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БА ИТМОМ РАСОНИДА ШУД
Қӯрғонтеппа, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Муфаттишони мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон тафтишоти 487 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида онҳоро ба суд фиристонидаанд , ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16 парванда зиёдтар аст. Тавре ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов иттилоъ дод, дар давраи ҷамъбасти прокуророни шаҳру ноҳияҳои А.Ҷоми, Қумсангир, Ёвон, Восеъ, Қубодиён, Кӯлоб дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта зиёдтар парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол кардаанд. Ба иттилои В. Зайниддинов, аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳо 32 адад парвандаҳои ҷиноятӣ дар истеҳсолот қатъ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 8 парвандаи ҷиноятӣ камтар мебошад. Аз тарафи судҳо бошад ба тафтишоти иловагӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ баргардонида шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






