ТАЛАБАГОН АЗ ВАГОНЧАҲО БА СИНФХОНАҲО МЕГУЗАРАНД
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли равон аз ҳисоби буҷети ноҳия барои беҳтар сохтани вазъияти муассисаҳои маориф 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Тибқи нақшаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати аз вагончаҳо ба синфхонаҳои васеу барҳаво гузаронидани талабагон, дар давоми 9 моҳи гузашта дар ноҳия дар мактабҳои № 78 ва 74 панҷ синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Айни ҳол дар назди мактаби миёнаи № 48 сохтмони ду синфхона босуръат давом дорад. Л.Муҳиддинов афзуд, ки дар ноҳия барномаи бо компютер таъмин намудани мактабҳо иҷро карда мешавад. Дар давоми 9 моҳи соли равон 84 компютер харида шуд. Ҳоло дар тамоми мактабҳои ноҳия 1110 компютер истифода карда мешавад. Ғайр аз ин ба туфайли кӯмаки роҳбарияти ноҳия ба китобхонаҳои мактабӣ қариб 10 ҳазор нусха китоби дарсӣ дода шуд. Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 84 мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 54,8 ҳазор талаба таҳсил мекунад.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






