ТАЪМИРИ ХОНАҲОИ БАЛАНДОШЁНА ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Корхонаи фаръии давлатии истеҳсолию истифодабарии манзилии шаҳри Кӯлоб дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 152 хонаи баландошёна, 5948 утоқ, ки масоҳати умумиаш 205588 метри мураббаъ ва масоҳати умуми зисти манзилиашон 190317 метри мураббаъ мебошад, хизмат мерасонад, гуфт директори корхона Ботурхон Назриев ва афзуд, ки аз ин миқдор хонаҳо масоҳати бомҳои рӯйпӯшашон шиферӣ — 84447 метри мураббаъ бомҳои мумфарш — 51775 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Инчунин мувофиқи нақша мебоист аз хонаҳои баландошиёна 95994 сомонӣ ҷамъоварӣ карда мешуд, дар асл 64000 ҷамъоварӣ карда шудааст ё ин, ки 76,7%- ро дар бар мегирад. Гуфта мешавад корхонаи мазкур то ин ҷониб таъмири биноҳои баландошёнаи хиёбони И.Сомонӣ, Ҳ, Шерозӣ, С. Сафаров ва дигар биноҳоро ба миқдори 4000 метри мураббаъ ба итмом расонида, дар ин самт корҳо идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






