ТАЪМИРИ ПУРРАИ ҶӮЮ КАНАЛҲОИ НОҲИЯ АНҶОМ НАЁФТ

Октябрь 12, 2009 08:36

                 Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби ВМКБ дар самти таъмиру истифодабарии иншооти гидромелиоративӣ беш аз 73 ҷӯю каналро дар ноҳяи Ванҷ ба мувозинаи худ гирифтааст, — иброз дошт сардори раёсати мазкур Баҳодур Сулаймонов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҳоло аз ин иншоот 75 фоизаш қисман аз таъмир бароварда шудааст.               Калонтарин каналҳои ноҳия чун канали Хаспо – Баравн, Сурхсангов ва дюкери деҳоти «Язгулом» бо маблағи раёсат таъмир гардиданд. Барои ҷойҳои таъмирталаби канали Хаспо – Баравн 2 тонна семент, 400 литер сӯзишвории дизелӣ ва барои иваз намудани 18 адад қубури обгузари дюкери «Язгулом» низ маблағи муайян ҷудо карда шуд.                 Аз рӯи штати корӣ як нафар мироб дар канали Хаспо – Баравн ба кор қабул гардид.                Дар назар аст, ки соли 2010 сарбанди канали Хаспо – Баравн аз нав таъмир карда мешавад.

Октябрь 12, 2009 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд