ТАНҲО 65 ФОИЗИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ КОРШОЯМ АСТ

Октябрь 28, 2009 09:55

                Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То моҳи октябри соли 2009 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 14 ҳазору 760 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 9556 адад ё худ 65 фоизи онҳо дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Коршоямии тракторҳо нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон (60 фоиз), ноҳияи Варзоб (43 фоиз), Турсунзода (48 фоиз), Файзобод (49 фоиз), Ҷиргатол (60 фоиз) ва Тоҷикобод (63 фоиз) кам мебошад.                Аз 2997 тракторҳои шудгоркунанда танҳо 1766 – тои онҳо омодаи кор мебошад, ки ин баробари 59 фоиз мебошад. Ин нишондиҳанда дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 53 фоиз, ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 49 фоиз баробар аст.  

Октябрь 28, 2009 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад