ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ИДОРАКУНИИ ПАРТОВҲОИ МАИШӢ

Октябрь 1, 2009 15:40

                Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷамшед Лақаев дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе» таъин гардид. Маркази мазкур тибқи Созишномаи қарзии миёни шаҳрдори Душанбе ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба татбиқи марҳиллаи дуюми Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт ба имзорасида, таъсис дода шудааст.                 Лоиҳаи мазкур ба маблағи беш аз 10 миллион доллари америкоӣ, ки мутаносибан 60,4 % грант (4 миллион доллар гранти инвеститсионии Ҳукумати Нидерландия ва беш аз 1 миллион евро кӯмаки техникии Ҳукумати Шветсия ва Фонди грантии бонк) ва 39, 6 % (4 миллион доллар) қарзи дарозмӯҳлат мебошад) татбиқ карда мешавад.                Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Созишнома фарогири масъалаҳои харидорӣ намудани техникаҳои коммуналии партовкашон, қуттиҳои зарурӣ барои ҷамъовари партов ва таҷдиди партовгоҳи шаҳрӣ буда, дар се сол татбиқ мегардад. Мӯҳлати пардохти маблағҳои қарзӣ 15 сол пешбинӣ гардидааст. 

Октябрь 1, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд