ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ИДОРАКУНИИ ПАРТОВҲОИ МАИШӢ
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷамшед Лақаев дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе» таъин гардид. Маркази мазкур тибқи Созишномаи қарзии миёни шаҳрдори Душанбе ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба татбиқи марҳиллаи дуюми Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт ба имзорасида, таъсис дода шудааст. Лоиҳаи мазкур ба маблағи беш аз 10 миллион доллари америкоӣ, ки мутаносибан 60,4 % грант (4 миллион доллар гранти инвеститсионии Ҳукумати Нидерландия ва беш аз 1 миллион евро кӯмаки техникии Ҳукумати Шветсия ва Фонди грантии бонк) ва 39, 6 % (4 миллион доллар) қарзи дарозмӯҳлат мебошад) татбиқ карда мешавад. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Созишнома фарогири масъалаҳои харидорӣ намудани техникаҳои коммуналии партовкашон, қуттиҳои зарурӣ барои ҷамъовари партов ва таҷдиди партовгоҳи шаҳрӣ буда, дар се сол татбиқ мегардад. Мӯҳлати пардохти маблағҳои қарзӣ 15 сол пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






