ТАВАҶҶӮҲИ АВРУПО БА ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 8 октября (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ибтидои моҳи октябри соли равон муддати се рӯз намоядагони Ҷамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" (Ҷумҳурии Латвия) дар ҳайати сардори раёсат Кришянис Петерс, узви раёсат Дагния Калнина ва Янис Балкенс ба КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ташрифи расмии корӣ доштанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмиллалӣ Душанбе» итиллоъ доданд, дар рӯзи аввал вохӯрии раиси раёсати Чамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" Кришянис Петерс бо Директори генералии КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Рустам Холиқов ба амал омад. Роҳбарони ду фурудгоҳи байналмилалӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҷорисозии технологияҳои фурудгоҳ, коромӯзии кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Рига, инчунин масъалаи татбиқи лоиҳаҳои якҷояро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд. Рӯзи дуюм ба корҳои шиносоӣ бо сохтори фурудгоҳи Душанбе ва ҳамаи хадамоту шӯъбаҳои он, инчунин имзо кардани созишномаи ҳамкорӣ бахшида шуд. Дар доираи вохӯрӣ роҳбарияти ҷамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" аз роҳбарияти КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" даъват ба амал овард, ки аз Фӯрудгоҳи байналмилалии Рига бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти он дидан кунад. Ин даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.Ҷамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" оид ба ҳамлу нақли бору мусофирин дар Латвия ва умуман, соҳили Балтика яке аз калонтаринҳо буда, ҳамасола миқдори умумии ҳамлу нақли бору мусофиринро афзоиш медиҳад. Дар соли 2008 ин фурудгоҳ ба 3 690 549 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин назар ба соли 2007 — ум 16% зиёд аст. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Рига бевосита ба 27 мамлакати се қитъаи ҷаҳон парвозҳо ба амал меоянд. Фурудгоҳ дар тобеияти Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Латвия мебошад. Азнавсозии пурраи фурудгоҳ ва сохтмони қисмати ҷанубии он соли 2001 ба шарафи ҷашни 800 — солагии Рига ба анҷом расида буд. Соли 2006 сохтмони қисмати шимолии терминал ба охир расида, ҳамчунин истгоҳи замонавӣ барои хизматрасонии техникӣ ва таъмири таёраҳо сохта шуд. Дар тамоми солҳои мавҷудияти фурудгоҳ ягон садамае рух надодааст. Фурудгоҳи Рига барои панҷ ширкати ҳавопаймоии Латвия — airBaltic, Raf-Avia, LatCharter, Inversija, Vip Avia заминаи асосӣ аст. Байни онҳо ширкати ҳавопаймоии airBaltic аз ҳама калонтарин буда, таёраҳояш аз ҷумла ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз мекунанд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






