ТАВАҶҶӮҲИ АВРУПО БА ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Октябрь 8, 2009 15:25

                   Душанбе, 8 октября (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ибтидои моҳи октябри соли равон муддати се рӯз намоядагони Ҷамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" (Ҷумҳурии Латвия) дар ҳайати сардори раёсат Кришянис Петерс, узви раёсат Дагния Калнина ва Янис Балкенс ба КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ташрифи расмии корӣ доштанд.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмиллалӣ Душанбе» итиллоъ доданд, дар рӯзи аввал вохӯрии раиси раёсати Чамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" Кришянис Петерс бо Директори генералии КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Рустам Холиқов ба амал омад. Роҳбарони ду фурудгоҳи байналмилалӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҷорисозии технологияҳои фурудгоҳ, коромӯзии кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Рига, инчунин масъалаи татбиқи лоиҳаҳои якҷояро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд.                   Рӯзи дуюм ба корҳои шиносоӣ бо сохтори фурудгоҳи Душанбе ва ҳамаи хадамоту шӯъбаҳои он, инчунин имзо кардани созишномаи ҳамкорӣ бахшида шуд. Дар доираи вохӯрӣ роҳбарияти ҷамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" аз роҳбарияти КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" даъват ба амал овард, ки аз Фӯрудгоҳи байналмилалии Рига бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти он дидан кунад. Ин даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.Ҷамъияти давлатии саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Рига" оид ба ҳамлу нақли бору мусофирин дар Латвия ва умуман, соҳили Балтика яке аз калонтаринҳо буда, ҳамасола миқдори умумии ҳамлу нақли бору мусофиринро афзоиш медиҳад. Дар соли 2008 ин фурудгоҳ ба 3 690 549 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин назар ба соли 2007 — ум 16% зиёд аст. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Рига бевосита ба 27 мамлакати се қитъаи ҷаҳон парвозҳо ба амал меоянд. Фурудгоҳ дар тобеияти Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Латвия мебошад. Азнавсозии пурраи фурудгоҳ ва сохтмони қисмати ҷанубии он соли 2001 ба шарафи ҷашни 800 — солагии Рига ба анҷом расида буд.                   Соли 2006 сохтмони қисмати шимолии терминал ба охир расида, ҳамчунин истгоҳи замонавӣ барои хизматрасонии техникӣ ва таъмири таёраҳо сохта шуд. Дар тамоми солҳои мавҷудияти фурудгоҳ ягон садамае рух надодааст. Фурудгоҳи Рига барои панҷ ширкати ҳавопаймоии Латвия — airBaltic, Raf-Avia, LatCharter, Inversija, Vip Avia заминаи асосӣ аст. Байни онҳо ширкати ҳавопаймоии airBaltic аз ҳама калонтарин буда, таёраҳояш аз ҷумла ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз мекунанд.  

Октябрь 8, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд