ТЕЪДОДИ МУСОФИРОН КОҲИШ ЁФТ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 7 октябр дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло оид ба фаъолияти корхона ва ҷамъбасти нӯҳмоҳа бо маърӯза баромад кард. Зикр гардид, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ 10 млн. 676 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Инчунин ба 505,2 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,7 ҳазор мусофир камтар мебошад. Сабаби он коҳиш ёфтани рафтуои муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия мебошад. Бояд қайд намуд, ки мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Корҳои сохтмонӣ бо қувваи худи роҳи оҳан идома доранд. Инчунин корхонаи шпалбарорӣ 13 ҳазору 80 дона шпали оҳану бетонӣ истеҳсол кард, ки ин нисбат ба соли 2008, ҳазор дона зиёд мебошад ва эҳтиёҷи роҳро пурра таъмин мекунад, иброз дошт А. Ҳукуматулло.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






