ТЕЪДОДИ МУСОФИРОН КОҲИШ ЁФТ

Октябрь 7, 2009 16:32

                 Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 7 октябр дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                  Дар нишасти мазкур раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло оид ба фаъолияти корхона ва ҷамъбасти нӯҳмоҳа бо маърӯза баромад кард.                  Зикр гардид, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ 10 млн. 676 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 ҳазор тонна зиёд мебошад.                    Инчунин ба 505,2 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,7 ҳазор мусофир камтар мебошад. Сабаби он коҳиш ёфтани рафтуои муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия мебошад.                    Бояд қайд намуд, ки мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Корҳои сохтмонӣ бо қувваи худи роҳи оҳан идома доранд.                  Инчунин корхонаи шпалбарорӣ 13 ҳазору 80 дона шпали оҳану бетонӣ истеҳсол кард, ки ин нисбат ба соли 2008, ҳазор дона зиёд мебошад ва эҳтиёҷи роҳро пурра таъмин мекунад, иброз дошт А. Ҳукуматулло.  

Октябрь 7, 2009 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд