ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН: РОҲ БА СӮИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Октябрь 19, 2009 16:35

                  Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталип Ахмедов 19 октябр дар Душанбе баррасӣ гардиданд.                   Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумониро байни ду кишвари Осиёи Марказӣ омили муҳими таҳия ва қабули қонунҳои мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карда, фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистонро далели ривоҷи робитаҳои байнипарлумонӣ маънидод намуд.                  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталип Ахмедов робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистонро ба манфиати халқу миллати ду кишвари дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Қазоқистон маънидод карда гуфт, ки зимни ваколати сафириаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талоши худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои самарбахши ду кишвар равона менамояд.                   Мусоҳибон, ҳамзамон масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Октябрь 19, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад