ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН: РОҲ БА СӮИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталип Ахмедов 19 октябр дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумониро байни ду кишвари Осиёи Марказӣ омили муҳими таҳия ва қабули қонунҳои мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карда, фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистонро далели ривоҷи робитаҳои байнипарлумонӣ маънидод намуд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталип Ахмедов робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистонро ба манфиати халқу миллати ду кишвари дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Қазоқистон маънидод карда гуфт, ки зимни ваколати сафириаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талоши худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои самарбахши ду кишвар равона менамояд. Мусоҳибон, ҳамзамон масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






