ВАЗИР СОБИҚАДОРОНИ 90 ВА 105 СОЛАРО ҚАДРДОНӢ НАМУД
Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дар рӯзҳои таҷлили Иди омӯзгорон ба аёдати оилаи собиқадорони соҳаи маориф Алишер Рӯзиеви-105 сола ва Сабоҳат Ашӯроваи 90-сола рафта, онҳоро аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборак намуд. Вазири маориф ба собиқадорон саодати рӯзгор, тансиҳатии комил ва хушиҳои зидагиро таманно намуд. «Шумо умри дарози бобаракат ва пурсамари хешро сарфи ободию пешрафти соҳаи маориф ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз намудаед ва мо аз Шумо ифтихор дорем», афзуд Абдуҷаббор Раҳмонов. Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, Вазири маориф ба собиқадорони соҳаи маориф тӯҳфаҳо тақдим намуд. Бояд зикр кард, ки собиқадорони соҳаи маориф Алишер Рӯзиеви 105 сола 56 сол ва Сабоҳат Ашӯроваи 90-сола 46 соли ҳаёти хешро ба тарбия ва ба камол расонидани фарзандони халқ дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ сарф намудаанд. Хизматҳои шоистаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Собиқадори меҳнат» ва медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидаанд.Алҳол онҳо дар ҳалқаи фарзандону набераҳо ва дигар ҷигарбандҳояшон зиндагии пурсаодат мегузаронанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






