ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ: 1740 ҲОДИСАИ СИРОЯТИ ВИЧ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Октябрь 24, 2009 11:01

                Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз аввали бақайдгирии сирояти ВИЧ, яъне аз соли 1991 то 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1740 ҳодисаи сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев.                Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 318 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки аз ин як ҳазору 388 ҳодиса дар байни мардон ва 352 ҳодиса дар байни занон пайдо шудааст.Сирояти ВИЧ дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 654 ҳодиса, дар вилояти Суғд 420 ҳодиса, вилояти Хатлон 332 ҳодиса, ВМКБ 123 ҳодиса ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 211 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.                Бояд қайд намуд, ки аз 1740 нафар сироятёфтагони ВИЧ ба қайд гирифта 427 нафар бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуда, аз ҷумла дар байни 101 нафар зани ҳомила ВНМО дарёфт карда, аз онҳо 55 нафарашон бо табобати зиддиретровирусии профилактикӣ бо мақсади пешгирии сирояти кӯдак фаро гирифта шудаанд.  

Октябрь 24, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд