ВОХӮРИИ ХУ СЗИНТАО БО САРВАЗИРОНИ ДАВЛАТҲОИ СҲШ
Пекин, 15 октябр.(АМИТ «Ховар» — Синхуа). – Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Ху Сзинтао 14 октябр бо сарвазирони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки барои иштирок кардан дар ҷаласаи 8 – уми сарони ҳукуматҳои давлатҳо – аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Пекин омада буданд, мулоқот баргузор кард. Ху Сзинтао ба вазъияти мураккаб ва тағйирёбандаи байналмилалӣ дар замони муосир ишора карда, қайд кард, ки тақвият бахшидан ба рушди СҲШ на танҳо барои бартараф кардани оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, беҳбудӣ бахшидан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, балки ҳангоми баррасии мушкилот дар мубориза бар зидди даъватҳои характери ҷаҳонидошта, лозим мебошад. Дар робита ба ин Сарвазири давлати Чин аз давлатҳои узви СҲШ даъват ба амал овард, ки дар бунёд ва рушди Созмон ҷидду ҷаҳд карда, барои таҳким бахшидан ба ҳамсоягии нек, эътимод ва боварии ҳамдигар, муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ мусоидат кунанд. Ху Сзинтао изҳори умедворӣ кард, ки давлатҳои узви СҲШ дар ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар доираи СҲШ фаъол шуда, инчунин бо давлатҳои нозири Созмон, ташкилотҳои байналхалқӣ ва дигар кишварҳо ҳамкориҳоро бо мақсади таъмини сулҳу суббот дар сайёра ба роҳ мемонанд. Дар навбати худ сарвазирони давлатҳо: Карим Масимов, Игор Чудинов, Владимир Путин, Оқил Оқилов ва Шавкат Мирзиёев Ху Сзинтао ва дар симои ӯ мардуми Чинро ба муносибати 60 — солагии ташкилёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрику таҳният намуда, ба нақши Чин дар сохтмон ва рушди СҲШ баҳои арзанда доданд. Изҳор карда шуд, ки ҳамаи давлатҳои СҲШ барои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисодиёт, энергетика, илм, фарҳанг, тандурустӣ, маориф ҷидду ҷаҳд карда, барои мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм саҳми худро мегузоранд ва дар таъмини бехатарии минтақа ва ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






