ВОХӮРИИ ХУ СЗИНТАО БО САРВАЗИРОНИ ДАВЛАТҲОИ СҲШ

Октябрь 15, 2009 15:15

                 Пекин, 15 октябр.(АМИТ «Ховар» — Синхуа). – Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Ху Сзинтао 14 октябр бо сарвазирони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки барои иштирок кардан дар ҷаласаи 8 – уми сарони ҳукуматҳои давлатҳо – аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Пекин омада буданд, мулоқот баргузор кард.                   Ху Сзинтао ба вазъияти мураккаб ва тағйирёбандаи байналмилалӣ дар замони муосир ишора карда, қайд кард, ки тақвият бахшидан ба рушди СҲШ на танҳо барои бартараф кардани оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, беҳбудӣ бахшидан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, балки ҳангоми баррасии мушкилот дар мубориза бар зидди даъватҳои характери ҷаҳонидошта, лозим мебошад. Дар робита ба ин Сарвазири давлати Чин аз давлатҳои узви СҲШ даъват ба амал овард, ки дар бунёд ва рушди Созмон ҷидду ҷаҳд карда, барои таҳким бахшидан ба ҳамсоягии нек, эътимод ва боварии ҳамдигар, муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ мусоидат кунанд. Ху Сзинтао изҳори умедворӣ кард, ки давлатҳои узви СҲШ дар ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар доираи СҲШ фаъол шуда, инчунин бо давлатҳои нозири Созмон, ташкилотҳои байналхалқӣ ва дигар кишварҳо ҳамкориҳоро бо мақсади таъмини сулҳу суббот дар сайёра ба роҳ мемонанд.                Дар навбати худ сарвазирони давлатҳо: Карим Масимов, Игор Чудинов, Владимир Путин, Оқил Оқилов ва Шавкат Мирзиёев Ху Сзинтао ва дар симои ӯ мардуми Чинро ба муносибати 60 — солагии ташкилёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрику таҳният намуда, ба нақши Чин дар сохтмон ва рушди СҲШ баҳои арзанда доданд. Изҳор карда шуд, ки ҳамаи давлатҳои СҲШ барои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисодиёт, энергетика, илм, фарҳанг, тандурустӣ, маориф ҷидду ҷаҳд карда, барои мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм саҳми худро мегузоранд ва дар таъмини бехатарии минтақа ва ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.

Октябрь 15, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид