ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ КӮЛОБ БО ДОНИШЧӮЁН
Кӯлоб, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бахшида ба 15-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судии шаҳри Кӯлоб дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакии шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар доир намуд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои як то панҷ иштирок намуданд. Раиси суди шаҳри Кӯлоб ба донишҷӯён дар бораи моҳияти сарқонун, таърихи пайдоиш ва ворид намудани тағйиру иловаҳо дар бандҳои гуногуни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли понздаҳ соли мавриди истифода қарор доштани ин санади арзишманди таърихӣ маълумоти муфассал дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин қайд гардид, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди омӯзиши сарқонунҳои дигар давлатҳои мутамаддин қабул гардида, воқеан ҳам демократию дунявӣ буда, бобу бандҳои он ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд. Донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ низ бо маърӯзаҳо дар бораи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонону толибилмон тибқи Конституция — Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб нақша доранд то рӯзи таҷлили ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо мактаббачагону донишҷӯён ва шаҳрвандон вохӯриҳо доир намоянд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






