ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ КӮЛОБ БО ДОНИШЧӮЁН

Октябрь 27, 2009 14:35

                 Кӯлоб, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бахшида ба 15-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судии шаҳри Кӯлоб дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакии шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар доир намуд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои як то панҷ иштирок намуданд. Раиси суди шаҳри Кӯлоб ба донишҷӯён дар бораи моҳияти сарқонун, таърихи пайдоиш ва ворид намудани тағйиру иловаҳо дар бандҳои гуногуни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли понздаҳ соли мавриди истифода қарор доштани ин санади арзишманди таърихӣ маълумоти муфассал дод.                   Дар вохӯрӣ ҳамчунин қайд гардид, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди омӯзиши сарқонунҳои дигар давлатҳои мутамаддин қабул гардида, воқеан ҳам демократию дунявӣ буда, бобу бандҳои он ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд. Донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ низ бо маърӯзаҳо дар бораи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонону толибилмон тибқи Конституция — Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб нақша доранд то рӯзи таҷлили ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо мактаббачагону донишҷӯён ва шаҳрвандон вохӯриҳо доир намоянд. 

Октябрь 27, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад