ЗАДУХӮРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ИСФАРА
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Табаров) – 19 октябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва гурӯҳи милитсияи таъиноти махсус барои безарар гардонидан ва дастгир кардани ҷанговарони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон амалиёти зиддитеррористӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ 4 нафар аъзои фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон нобуд ва 1 нафари онҳо дастгир карда шуд. Дар ҷойи ҳодиса 3 дона автомати Калашников, 1 пулемети Калашников, 2 туфанги тамғаи Макаров, норинҷак, тирҳои гуногун дар ҳаҷми калон, инчунин дастурҳои таълимӣ доир ба омода кардан ва анҷом додани амали террористӣ пайдо карда шуданд. «Амалиёти зиддитеррористӣ муддати 3 соат идома ёфта, дар рафти иҷрои он 1 нафар корманди гурӯҳи милитсияи таъиноти махсус захмӣ шуд», — гуфт дар хотима сарчашма.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






