ЗИЛЗИЛА ДАР ИНДОНЕЗИЯ
Паданг, 2 октябр. (АМИТ «Ховар» — Rbc. ru).– 30 сентябр дар соҳилҳои ҷанубии ҷазираи Суматраи Индонезия зилзилаи шадид рух дод. Қувваи он мувофиқи ҷадвали 12 баллаи Рихтер ба 7,6 балл мерасид. Баъди зилзила дар қисмати бештари ҷазира тӯфони баҳрӣ ба амал омад. Дирӯз ва имрӯз дар ҷазираи Суматра замин боз чанд маротиба ҷунбид. Қувваи зилзилаи охирин дар ҷазира ба 6,6 балл баробар буд. Хабар дода мешавад, ки дар ҷазира бар асари зилзила бештар аз 1000 кас ҳалок шуд. Дар ин ҷо бештар аз 500 бино харобу валангор гардид. Ҳанӯз ҳам қисми зиёди сокинони маҳаллӣ дар зери шикастапораҳои биноҳо мондаанд. Наҷотдиҳандагон кӯшиш мекунанд, ки одамонро наҷот диҳанд. Бисёр маҳалҳои маскунӣ аз оби ошомиданӣ ва қувваи барқ маҳрум гардиданд. Робита бо бисёр маҳалҳои аҳолинишин қатъ гардидааст. Вазорати вазъияти фавқулоддаи Русия бо супориши президент Д.Медведев барои расондани кӯмак ба Индонезия ду ҳавопаймои Ил – 76 фиристод. Бо яке аз ин ҳавопаймоҳо 35 корманди «Центроспаз» ба маҳалли зилзила фиристода шуданд. Мақомоти Филиппин аҳолиро огоҳ карданд, ки маҳалҳои соҳили мамлакатро рӯзҳои наздик тӯфони нави баҳрӣ фаро мегирад. Иқтидори он аз тӯфони баҳрии пештар баамаломадаи «Кетсана» чандин баробар зиёд аст, ки бар асари он 277 нафар ҳалок шуда буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






