ҚАБУЛИ ЭЪТИБОРНОМАИ САФИРОНИ ФАЛАСТИН ВА ШРИ — ЛАНКА
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз чошти имрӯз эътиборномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори Фаластин ва Шри – Ланкаро қабул намуд. Сафири Фаластин Асад Абдулмунъим Алӣ Асад баъди анҷоми маросими супоридани эътиборнома ва мулоқот бо Сардори давлат зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Фаластин ба равнақу ривоҷи муносибатҳо бо Тоҷикистон диққати махсус медиҳад. Мо ба нақш ва мақоми Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем. Қайд карда шуд, ки маъмурияти Фаластин аз СММ ва Шӯрои амнияти он эътирофи мустақилияти давлати Фаластинро тақозо намудаанд. Умед аст, ки Тоҷикистон дар ин масъала Фаластинро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард, гуфт сафир. Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри – Ланка Ҷаялот Верракоду изҳор намуд, ки зимни сӯҳбат бо Президенти Тоҷикистон масъалаҳои ривоҷ додани муносибатҳои сиёсии Шри – Ланка ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ҳар ду мамлакат ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳанд. Бо вуҷуди ин муносибатҳои сиёсии ҳар ду мамлакат торафт бештар густариш меёбад. Мо бояд муносибатҳоямонро дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг ва соҳибкорӣ низ ривоҷ диҳем, гуфт сафири Шри – Ланка. Зикр шуд, ки Шри – Ланка яке аз истеҳсолкунандагони асосӣ ва содиркунандагони чойи аълосифат дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад. Мо бояд муносибатҳои худро дар ҳамаи соҳаҳо ривоҷ диҳем. Сафири Шри – Ланка изҳор намуд, ки тамоми маҳорат ва дониши худро барои густариши муносибатҳои ҳар ду мамлакат сарф хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






