ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 17, 2009 11:10

аз 17 ноябри 2009 с. ш. Душанбе № 626 Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқиитафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 №653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва бо мақсади самаранок ва сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:                  1) Фурӯши лампаҳои барқии тафсон, ки воридоти онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 №492 «Оид ба баъзе чораҳои истифодаи самараноки энергияи барқ» манъ гардидааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад.                  2) Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои банди 1 қарори мазкурро таъмин намоянд.                    3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи дақиқи лампаҳои барқии тафсонро, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.Раиси ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон   Э.Раҳмон

Ноябрь 17, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст