ҚОНУН ДАР БОРАИ АВФ ИҶРО МЕГАРДАД

Ноябрь 10, 2009 14:32

                  Қӯрғонтеппа, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Тибқи қонуни ҶТ «Дар бораи авф» 369 нафар маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳотии вилояти Хатлон аз адои ҷазо озод шуданд. Ба гуфтаи прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотии Хатлон Юсуфхон Ҳусейнов аз шумораи маҳкумони озодшуда 165 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.                   Ба гуфтаи манбаъ дар доираи иҷрои қонуни авф дар ҳафтаи ҷорӣ низ маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар ҳудуди Хатлон аз адои ҷазо озод карда мешаванд.                     Юсуфхон Ҳусейнов прокурори назорати қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотии Хатлон иброз медорад, ки барои фаҳмондадиҳии маҳкумон оид ба мақсад ва моҳияти қонуни авф имрӯзҳо онҳо бо маҳбусон вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Ҳамчунин ба мақомотҳои маҳаллии хадамоти шуғли аҳолӣ ва сардухтури беморхонаҳои марказии маҳаллии зисти маҳкумони ба озодӣ мебаромада, мактуб фиристода шудааст, то ин ки ҷиҳати расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба озодшудагон чораҳо дида шаванд.

Ноябрь 10, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд