ҚОНУН ДАР БОРАИ АВФ ИҶРО МЕГАРДАД
Қӯрғонтеппа, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Тибқи қонуни ҶТ «Дар бораи авф» 369 нафар маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳотии вилояти Хатлон аз адои ҷазо озод шуданд. Ба гуфтаи прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотии Хатлон Юсуфхон Ҳусейнов аз шумораи маҳкумони озодшуда 165 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи манбаъ дар доираи иҷрои қонуни авф дар ҳафтаи ҷорӣ низ маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар ҳудуди Хатлон аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Юсуфхон Ҳусейнов прокурори назорати қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотии Хатлон иброз медорад, ки барои фаҳмондадиҳии маҳкумон оид ба мақсад ва моҳияти қонуни авф имрӯзҳо онҳо бо маҳбусон вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Ҳамчунин ба мақомотҳои маҳаллии хадамоти шуғли аҳолӣ ва сардухтури беморхонаҳои марказии маҳаллии зисти маҳкумони ба озодӣ мебаромада, мактуб фиристода шудааст, то ин ки ҷиҳати расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба озодшудагон чораҳо дида шаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






