ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ» РАСМАН ҚАБУЛ ШУД
03-юми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуд, ки ба муносибати 15 солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳри амалӣ намудани принсипҳои инсонпарварӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн қабул карда шуд. Қонуни мазкур нисбати гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ карда мешавад.Мутобиқи Қонуни мазкур маҳкумшудагони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, озод карда мешаванд. Инчунин аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои дигар ҷазоҳои ҷиноятии таъиншуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд: а) занҳо; б) шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд; в) мардони аз синни 55 сола боло; г) маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои сил; д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд; е) шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд; ё) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд; ж) шаҳрвандони хориҷӣ. Яке аз афзалиятҳои Қонуни мазкур аз он иборат мебошад, ки маҳкумшудагони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






