ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ» РАСМАН ҚАБУЛ ШУД

Ноябрь 3, 2009 16:15

               03-юми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуд, ки ба муносибати 15 солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳри амалӣ намудани принсипҳои инсонпарварӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн қабул карда шуд.                 Қонуни мазкур нисбати гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ карда мешавад.Мутобиқи Қонуни мазкур маҳкумшудагони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, озод карда мешаванд.                 Инчунин аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои дигар ҷазоҳои ҷиноятии таъиншуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:                 а) занҳо;                 б) шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;                  в) мардони аз синни 55 сола боло;                 г) маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои сил;                 д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд;                  е) шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;                 ё) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд;                 ж) шаҳрвандони хориҷӣ.                Яке аз афзалиятҳои Қонуни мазкур аз он иборат мебошад, ки маҳкумшудагони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда аз адои ҷазо озод карда мешаванд.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 3, 2009 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид