ҚОНУНИ АВФ ИҶРО МЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Мувофиқи Қонуни авф, ки онро Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам имзо карда буд, то имрӯз аз ҳабсхонаҳои вилояти Хатлон бештар аз 300 нафар озод карда шуданд. Аз ин ҷумла, 165 нафарро занон ташкил медиҳанд. Прокурори назорати иҷрои қонуни мазкур дар ҳабсхонаҳои вилояти Хатлон Юсуфхон Ҳусейнов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми рӯзҳои гузашта маҳбусон аз ҳабсхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ҷилликӯл озод карда шуданд. Кормандони мақомоти муҳофизи қонун бо маҳбусон мулоқот карда, аҳамияти қонунро шарҳ медиҳанд. Ҳамзамон бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ барои бо кор таъмин намудани шахсони озодшуда ва ба онҳо расондани кӯмакҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






