ҲАМКОРИИ ФАРҲАНГӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ПОЛША РИВОҶ МЕЁБАД

Ноябрь 5, 2009 11:47

                Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Дирӯз, 4 ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Полша Анҷей Кремер Созишнома оид ба барномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша дар соҳаи фарҳанг, илм, маълумоти олӣ ва маърифатро имзо карданд.                  А. Кремер дар мулоқот бо намояндагони ВАО қайд намуд, ки айни ҳол дар Полша 6 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Вале мувофиқи барнома квота барои Тоҷикистон васеъ карда мешавад.Ҳангоме, ки барнома ба ҳукми қонунӣ медарояд ҳайати ҳар ду ҷониб ба таҳияи барномаҳои муштарак ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур шурӯъ мекунанд, гуфт М. Асрорӣ. Ин барнома яке аз қадамҳои устувор дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ хоҳад гардид.

Ноябрь 5, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд