ҲАМКОРИИ ФАРҲАНГӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ПОЛША РИВОҶ МЕЁБАД
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Дирӯз, 4 ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Полша Анҷей Кремер Созишнома оид ба барномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша дар соҳаи фарҳанг, илм, маълумоти олӣ ва маърифатро имзо карданд. А. Кремер дар мулоқот бо намояндагони ВАО қайд намуд, ки айни ҳол дар Полша 6 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Вале мувофиқи барнома квота барои Тоҷикистон васеъ карда мешавад.Ҳангоме, ки барнома ба ҳукми қонунӣ медарояд ҳайати ҳар ду ҷониб ба таҳияи барномаҳои муштарак ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур шурӯъ мекунанд, гуфт М. Асрорӣ. Ин барнома яке аз қадамҳои устувор дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ хоҳад гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






