ҲАР ЯК СОКИНИ ДЕҲОТ БОЯД КАМАШ ҲАФТ СОАТ БАРҚ ГИРАД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Тавре аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, алҳол системаи энергетикии Тоҷикистон бо реҷаи автономӣ, яъне берун аз Шабакаҳои муттаҳидаи Осиёи Марказӣ ва бо иқтидорҳои худӣ кор карда истодааст. Дар айни замон ШСХК «Барқи тоҷик» бо маҳдудият барқ интиқол дода истодааст, вале ин маънои онро надорад, ки мардуми деҳот аз барқ бояд маҳрум карда шавад, гуфт манбаъ. Дар ин замина, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» фармонеро ба тасвиб расонд, ки мутобиқи он ҳар як сокини деҳот дар як шабонарӯз бояд камаш ҳафт соат ва мактабҳои деҳот дар тамоми соатҳои таълим бо барқ таъмин карда шаванд. Дар фармони раис таъкид мегардад, ки бояд шабакаҳои барқии ноҳияҳо ҷадвали махсус таҳия намуда, аз рӯи он, барои сербор нашудани таҷҳизот ва хатҳои интиқолӣ, сокинони маҳалҳои аҳолинишинро дар соатҳои муайян барқ диҳанд. Дар баробари ин, қарздорон пурра аз барқ маҳрум карда мешаванд. Масъулоне, ки ин фармонро иҷро намекунанд, то ба дараҷаи аз вазифа сабукдуш шудан ҷазо мегиранд. Хотиррасон менамоем, ки дар ширкат телефони боварӣ, рақамҳояш 295-307; 295-480, ташкил дода шудааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо ин телефонҳо бо ёрдамчии раиси ширкат дар тамос шавад ва бобати мушкилоти худ изҳори назар намояд. Ҳангоми телефон кардан зикри маҳали зист, ному насаб ва рақами телефон ҳатмист.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






