ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2009 таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисобот оид ба истифодаи самараноки замин дар вилояти Суғд, дар бораи ҳолати нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани фаолияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва дар бораи рушди соҳаи геология баррасӣ шуд. Ҳамзамон барномаи инвеститсияи давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2010- 2012 ва барномаи корҳои оморӣ барои соли 2010 тасдиқ гардиданд. Дар ҷаласа инчунин дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2010 қарор қабул карда шуд. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба масъулин ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, маводи сӯхт ва сӯзишворӣ, инчунин ҷамъоварии ҳарчи зудтари ҳосили пахта ва дар сатҳи баланд анҷом додани шудгори заминҳо ҷиҳати омодагӣ ба мавсими кишту кор дастур дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






