ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 30, 2009 15:30

                   Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2009 таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисобот оид ба истифодаи самараноки замин дар вилояти Суғд, дар бораи ҳолати нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани фаолияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва дар бораи рушди соҳаи геология баррасӣ шуд. Ҳамзамон барномаи инвеститсияи давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2010- 2012 ва барномаи корҳои оморӣ барои соли 2010 тасдиқ гардиданд.                   Дар ҷаласа инчунин дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2010 қарор қабул карда шуд. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба масъулин ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, маводи сӯхт ва сӯзишворӣ, инчунин ҷамъоварии ҳарчи зудтари ҳосили пахта ва дар сатҳи баланд анҷом додани шудгори заминҳо ҷиҳати омодагӣ ба мавсими кишту кор дастур дод.

Ноябрь 30, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад