ҶАЛАСАИ РОҲБАРОНИ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Ноябрь 25, 2009 11:23

                 Душанбе, 25 ноябр (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова) — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 11 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи якҷояи Шӯрои роҳбарони шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ ва ҷамъиятии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад.                   Тоҷикистонро дар ин ҷаласа директори Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», узви Шӯрои таҳририяи Маркази байнидавлатии иттилоотии радиотелевизионҳои ИДМ Абдумаҷид Усмонов намояндагӣ мекунад. Дар ҷаласаи имсолаи Шӯро масъалаҳои зерин баррасӣ мегарданд: иҷрои нақшаҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 65 солагии Ғалаба бар фашизм; фаъолияти Маркази байнидавлатии иттилоотии радиотелевизионҳои ИДМ; таҳкими дастгирии иттилоотии сохторҳои ИДМ.                   Мақсад аз созмон додани Маркази байнидавлатии иттилоотии радиотелевизионҳои ИДМ дар асоси табодули телевизионӣ таъмин кардани шабакаҳои телевизионӣ бо наворҳо ва намоишҳои телевизионӣ аз ҳаёт ва фаъолияти сокинони кишварҳои ИДМ мебошад. Бо ин роҳ шабакаҳои телевизионии давлатҳои ИДМ фазои иттилоотӣ ва доираи бинандагони худро метавонанд васеъ кунанд.

Ноябрь 25, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд