ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КОРИИ ШАҲРДОРӢ ДАР МАРКАЗИ РАВОБИТИ ПОЙТАХТ

Ноябрь 11, 2009 16:23

                  Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — 10 ноябри соли 2009 дар толори маҷлисгоҳи Маркази равобити пойтахт ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.                  Дар ҷаласа масоили омодагиҳои пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ ва ҷараëни татбиқи фармони марбутаи Президенти мамлакат оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва гузариш ба фурӯзонакҳои каммасраф дар марзи маъмурии шаҳр ва иҷрои қарорхои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар ин самт ва дигар масоили хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.                  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ҳадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.                  Дар кори ҷаласа дар радифи фаъолони пойтахт муовини авали сарвазири ҷумҳурӣ Ассадулло Ғуломов, вазири Меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ва дигар масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд                  Дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмасаид Убайдуллоев зикр гардид, ки тибқи нақшаи шаҳрдорӣ дар қаламрави пойтахт то 1 августи соли ҷорӣ тамоми ташкилоту идораҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф гузаронида шуданд ва барои иҷрои ин амал аз ҷониби аҳолӣ ба тариқи ройгон ба оилаҳои камбизоат дастрас намудани фурӯзонакҳо ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои зиëде амалӣ гардиданд.                   Феълан имкон аст, ки ҷиҳати бозсанҷии корҳои анҷомгирифта ва тақвияти фаъолият дар ин ҷода аз ҷониби комиссияи салоҳиятдори ҷумҳуриявӣ бо иштироки бевоситаи масъулини шаҳру ноҳияҳои пойтахт корхои санҷишӣ анҷом дода шавад.                   Бо мақсади расидан ба ин хадафҳо дар чаласа комиссияи муштарак таъсис дода шуд, ки дар ҳайати он муовини Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони дигар сохторҳои марбута шомил карда шуданд, ки аз 10 ноябри соли равон ба кори худ шурӯъ менамояд. 

Ноябрь 11, 2009 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад