ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК

Ноябрь 13, 2009 16:52

                 Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҶСК «Ориёнбонк» комиссияи тавозунӣ-буҷавӣ оиди ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагии нӯҳмоҳа ва коркарди лоиҳаи буҷаи бонк барои соли 2010 ба кори худ хотима бахшид. Дар раванди он натиҷаҳои фаъолияти филиалҳо дар давраи ҳисоботии қайдкардашуда таҳлил карда шуданд.                   Дар «Ориёнбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки комиссия дар ҳайати роҳбарони қисмҳои сохтории асосӣ, аз ҷумла сармуҳосиб, Идораи рушди корпоративӣ, Департаменти сиёсати амонатӣ-қарзӣ ва Идораи аудит ва назорати дохилӣ масъалаҳои сиёсати маркетингии бонк, ҷозибнокии амонатҳо, муаммоҳои пардохтҳои ба таъхирафтода, бесамарии хароҷотҳо, инчунин иҷроиши буҷаи соли ҷорӣ ва муҳокимаи буҷа барои соли 2010-ро баррасӣ намуд.                   Қайд кардан лозим аст, ки мувофиқи натиҷаҳои кори комиссияи тавозунӣ аз 32 филиали ҶСК «Ориёнбонк» 4 филиал баҳои «аъло», 9 филиал баҳои «хуб», 17 филиал баҳои «қаноатбахш» ва 2 филиал баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтанд.                   Бо мақсади солимгардонӣ ва беҳтар гардонидани фаъолияти молиявии «Ориёнбонк» филиалҳо ва роҳбарони сохторҳои мустақил вазифадор карда шуданд, ки дар семоҳаи чорум тамоми чораҳоро баҳри иҷро шудани нақшаи фоидаи соф, ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти молиявӣ муваффақ гарданд.

Ноябрь 13, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд