ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ МАВСИМИ ФУТБОЛ

Ноябрь 20, 2009 17:02

                    Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 24 ноябр дар пойтахти Малайзия — шаҳри Куала – Лумпур маросими ҷамъбасти мавсими имсолаи мусобиқаҳои футбол дар қитъаи Осиё баргузор мегардад. Мутаассифона, имсол дар ягон бахш намояндагони Тоҷикистон дохил карда нашудаанд. Ҳол он ки футболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои футболи байни мамлакатҳои қитъаи Осиё натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд.                    Ҳамон рӯз номҳои ғолибони мусобиқаҳои футбол дар бахшҳои «Футболбози беҳтарин», «Футболбоздухтари беҳтарин», «Алмоси Осиё», «Футболбози ҷавони беҳтарин», «Тренери беҳтарин», «Довари беҳтарин», «Ёвари беҳтарин», «Комиссари беҳтарини бозиҳо», «Дастаи беҳтарин», «Дастаи беҳтарини мунтахаби мардони футболбоз», «Дастаи беҳтарини мунтахаби занонаи футболбоз», «Ассосиатсияи беҳтарини миллӣ», «Ассосиатсияи беҳтарини миллии занони футболбоз», «Ҷоиза барои бозии софдилонаи футбол» ва гайра эълон карда мешаванд.                      Дар фарҷоми маросим ба ғолибон 18 ҷоиза супурда хоҳад шуд. 

Ноябрь 20, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд